Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мушовири Хоманаӣ: “Мо омодаем ғанисозиро маҳдуд кунем”
Мақоми аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбати тозааш гуфт, ки Эрон ба шарти лағви таҳримҳо омодааст, ки ғанисозии уранро канор гузорад.
Алии Шамхонӣ, мушовири аршади Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбат бо телевизиони “NBC” гуфт, қабул намудани маҳдудиятҳо дар ғанисозӣ ва аз миён бурдани захираҳои урани ғанишуда дар сурати лағви таҳримҳо мумкин аст.
Алӣ Шамхонӣ, ки қаблан худро масъули парвандаи атомии Эрон муаррифӣ карда буд, дар ин мусоҳиба гуфт, Эрон ҳеч гоҳ силоҳи атомӣ намесозад ва захираҳои ғанишудаи уранашро, ки қобили истифода барои силоҳ аст, аз байн мебарад.
Ӯ афзуд, Эрон уранро то дараҷае, ки барои истифодаи ғайринизомӣ муҳим аст, ғанисозӣ хоҳад кард ва барои назорати ин раванд ба бозрасони байналмилалӣ иҷозаи назорат хоҳад дод. Алии Шамхонӣ таъкид кард, ки ба шарти лағви кулли таҳримҳои иқтисодӣ бар зидди Эрон чунин маҳудиятҳо қобили пазириш аст.
Алии Шамхонӣ дар посух ба суоли муҷрии телевизиони “NBC”, ки пурсид Эрон дар сурати иҷро шудани шартҳояш созишномаро ҳозир аст имзо кунад, гуфт “бале”.
“Ҳанӯз мумкин аст. Агар амрикоиҳо, ҳамон тавре ки мегӯянд, амал кунанд, мо бешубҳа муносибатҳои беҳтаре дошта метавонем. Ин метавонад боиси беҳтар шудани вазъият дар ояндаи наздик шавад”- таъкид кард Алӣ Шамхонӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”