Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон дар Осиёи Миёна аз рӯйи сифати зиндагӣ дар мақоми аввал қарор гирифт
Маҷаллаи “CEOWORLD” дар арзёбии пажӯҳишии “Human Progress index” (HPI) бар асоси нишондиҳандаҳое чун сифати зиндагӣ, тӯли умр, сатҳи маориф, суботи сиёсӣ, даромади ҳар сари аҳолӣ ва дастрасӣ ба имкониятҳо мақоми кишварҳоро дар раддабандии сифати зиндагӣ муайян кардааст. Тибқи иттилоъ, дар ҳар кишваре, ки ин нишондиҳандаҳо боло бошад, он кишвар дар ҷойи беҳтар қарор мегирад.
Бар асоси натиҷаҳои гузориши соли 2024 беҳтарин кишвари дунё барои зиндагӣ Шветсария эътироф шудааст. Баъди он Норвегия ва Исландия қарор гирифтаанд. Ҷои чорумро Ҳонконг соҳиб шуд. Дания ва Олмон дар ҷойи шашум ва ҳафтум қарор доранд. Ба даҳгонаи беҳтарин барои зиндагӣ Ирландия, Сингапур ва Австралия шомил мебошанд ва мутаносибан ҷойҳои аз 8 то 10 –ро соҳиб шудаанд.
Ҳамин тариқ, Туркия дар ҷойи 48, Русия - 59, Беларусия -72 ва Арманистон дар ҷойи 78 қарор доранд. Қазоқистон аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама мақоми баландтаринро соҳиб шуда, дар раддабандии ҷаҳонӣ дар мақоми 70-ум қарор гирифтааст.
Туркманистон дар мақоми 108, Ӯзбекистон дар мақоми 119 ва Тоҷикистон дар мақоми 128 қарор гирифтаанд.
Тибқи иттилоъ, барои омода кардани раддабандӣ таҳлилгарони аз рӯйи се категорияи асосӣ – субот, қаноатмандӣ ва тавозун мақоми кишварҳоро мушаххас кардаанд. Баҳогузорӣ аз рӯйи 23 нишондиҳанда анҷом шудааст, ки ҳар кадоме аз кишварҳо ба яке аз ин гурӯҳ мансубанд. Ҳама категорияҳо ба шакли 100 холӣ баҳогузорӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”