Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Панҷ ва Дӯстӣ
Бинобар иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар дар ноҳияҳои Қубодиён, Панҷ ва Дӯстии вилояти Хатлон бо даъвати сокинони ҷинси марди аз 18 то 55-сола санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои ҳудудӣ гузаронида шуда истодааст.
Манбаъ меафзояд, ки иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мудофиаи давлат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат роҳандозӣ гардидааст.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ дар ноҳияи Панҷ таъкид намуд, ки рушди ҳама соҳаҳои давлатдорӣ аз таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми мамлакат ва зиндагии осоиштаи мардум вобаста аст.
Афзуда мешавад, ки дар назар аст ба ин чорабиниву машғулиятҳои таълимии ҳарбӣ шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ низ фаро гирифта шаванд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомади мазкур волидони сарбозоне, ки имрӯз фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат менамоянд, бо сипосномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”