Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муҳоҷират: самтҳои нави ҳамкории муштарак муайян ва муаррифӣ шуданд
Холмаҳмадзода Солеҳа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иштирок дар Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" бо Ирина Полубарева, директори Департаменти МДХ Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қазон дар ноҳияҳои Киров ва Москав вохӯрӣ намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорат, дар мулоқоти мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тақвияти ҳамкорӣ вобаста ба таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуда, самтҳои нави ҳамкории муштарак муайян ва муаррифӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ изҳор намуданд.
Гуфта мешавад, ки Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қазон дар ноҳияҳои Киров ва Москав ба шаҳрвандон дар ёфтани кори мувофиқ, ташкили самти касбии шаҳрвандон бо мақсади интихоби соҳаи фаъолият, шуғл, гузаштани омӯзиши касбӣ ва гирифтани маълумоти иловагии касбӣ, дастгирии равонии шаҳрвандони бекор ва ғайраҳо мусоидат мекунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”