27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
16.05.2025 09:24

Рубио: Дидори Путин ва Трамп ягона шанси ҳалли масъалаи Украина ва Русия аст

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид кард, ки ягона шанси ҳалли ҷанги Русия ва Украина мулоқоти рӯ дар рӯи президент Доналд Трамп ва Владимир Путин аст, ки ҳанӯз сана ва вақти баргузор шуданашро намедонад.

Марко Рубио дар суҳбат бо телевизиони “Фок нюз” гуфт, ки “айни замон сана ва вақти инро намедонам, аммо воқеан ин ягона имконият аст. Ман фикр мекунам, ки бисёре аз кишварҳо дар муҳити хусусӣ ин арзёбиро пуштибонӣ хоҳанд кард”.

Қаблан, директори масъалаҳои мубориза бо терроризм дар Шурои амнияти миллии Кохи сафед ва муовини ёвари президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Себастиан Горка гуфта буд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти Доналд Трамп ва Владимир Путин доир мешавад.

Рӯзи панҷшанбе пас аз се сол музокироти Русия ва Украина бояд дар шаҳри Истанбули Туркия доир мегашт, ки ба рӯзи ҷумъа ба таъхир гузошта шуд. Владимир Зеленский ва Доналд Трамп интизор доштанд, ки дар ин музокирот Владимир Путин шахсан ширкат хоҳад кард. Аммо шаби чоршанбе сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хабар дод, ки Владимир Путин дар ин музокирот ширкат нахоҳад кард ва як ҳайати русӣ дар он ширкат мекунад.

Рейтерз бо такя ба манобеаш навишт, ки Доналд Трамп дар нақша дошт, ки ба музокироти сулҳи Истанбул мепайвандад, баъдан аз ин нақша сарфи назар кард. Доналд Трамп дар пасманзари эҳтимоли мулоқот бо президенти Русия гуфт, ки эҳтимолан рӯзи ҷумъа ба Вашингтон бармегардад.

Ҳафтаи гузашта президенти Русия Владимир Путин ба ҷониби Русия пешниҳоди музокироти мустақимро бидуни шартҳои пешакӣ матраҳ карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.