Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Шавкат Мирзиёев музди меҳнати директори мактаб ва роҳбарони кӯдакистонҳоро аз 15 то 20 фоиз зиёд мекунад
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки аз соли нави таҳсил музди меҳнати директори мактабҳо ва роҳбарони кӯдакистонҳо аз 7 то 10 ҳазор суми ӯзбекӣ хоҳад шуд.
Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи ҳукумат дар пояи ин иқдомаш гуфт, ки ояндаи рушди ҳар кишвар ба насли босаводи он вобаста аст. Ӯ афзуд: “Ҳақиқате ҳаст, ки исбот талаб намекунад: руши ҳар кишвар аз насли солим ва босавод вобаста аст. Аз ҳамин сабаб, дар роҳи бунёди Ӯзбекистони нав, мо вазифадорем, ки барои парвариши насли солим, босавод ва ватандӯст ҳамаи шароитро фароҳам кунем”.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони президенти Ӯзбекистон музди меҳнати директорон ва роҳбарони кӯдакистонҳо 20% ва муовинони онҳо 15 % зиёд карда мешавад. Тибқи он музди меҳнати роҳбарони кӯдакистон бо музди меҳнати муовинони директрони мактабҳои гурӯҳи 3 ва 4 баробар карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад