27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
16.05.2025 05:57

Дар Тошканд телефонҳои хонандагонро барои ҳифз аз “ғояҳои бегона ва манфӣ” тафтиш мекунанд

Дар чанд мактаби шаҳри Тошканд кормандони Гвардияи миллӣ ба таври оммавӣ телефонҳои мобилии хонандагони синфҳои 9 ва 10-юмро бе огоҳии пешакӣ тафтиш кардаанд. Бар асоси иттилои хонандагон, ин ҳодиса рӯзи 14-уми май рӯй додааст.

Як хонандаи мактаби №110-и шаҳри Тошканд ба расонаҳо гуфтааст, ки кормандони Гвардияи миллӣ бидуни шарҳ ва бе огоҳии пешакии падару модар ба синфхонаҳо даромада, аввал телефонҳоро ҷамъ кардаанд ва баъд иттилооти шахсии телефонҳоро аз назар гузаронидаанд. Аз ҷумла, аксҳо, файлҳои тозаҳазфшуда, саҳифаҳои телеграм ва барномаҳои насбшударо тафтиш кардаанд.

Бар асоси гуфтаҳои ин хонанда, аз падару модари хонандагон пешакӣ иҷозат пурсида нашудааст. Вақте баъзе падару модарон ба тафтишот мухолифат нишон додаанд, тафтишот қатъ карда шудааст.

Раёсати маорифи томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Тошканд тасдиқ намуда, ки чунин тафтишот дар доираи барномаҳои “Касбият” ва “Тир” дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар сол  анҷом дода мешавад. Тибқи гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи мақомот аз тафтиш “ҳифзи хонандагон аз ғояҳои бегона ва манфӣ” аст.

Гуфта мешавад, ки тафтиши телефони хонандагон бо ҳузури намояндагони Шурои назорати падар ва модар, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва омӯзгорӣ доир карда мешавад. Бо вуҷуди ин, шаҳодати бархе хонандагон суолҳои зиёдеро дар хусусӣ қонунӣ ва ахлоқӣ будани ин амалиёт ба миён овардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.