27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
16.05.2025 05:47

Аҳмад Масъуд ва Атомуҳаммади Нур бо даъвати Эрон ба Машҳад рафтаанд

Расонаҳои афғонистонӣ аз қавли манобеи худ навиштаанд, ки Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо даъвати мақомоти эронӣ ба шаҳри Машҳад сафар кардааст. Ин манобеъ гуфтаанд, ки мақомоти эронӣ ҷамъе аз роҳбарони сиёсии Афғонистонро ба Машҳад даъват кардаанд, ки дар миёни онҳо Атомуҳаммади Нур низ ҳузур дорад.

Роҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ низ ба Эрон даъват шуда, вале ӯ сафар накардааст.

Ба гузориши расонаҳо Аҳмад Масъуд дар ин сафар бо бархе мақомоти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кардааст.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далели нигарониҳои амниятӣ ва вазъи нобасомони Афғонистон ҷараёнҳои сиёсии зидди Толибонро даъват кардааст, то бо онҳо дар бораи вазъияти Афғонистон машварат кунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рағми барқарор кардани равобити дипломатӣ бо гурӯҳи террористии Толибон бо мухолифони ин гурӯҳ равобиташро ҳифз кардааст. Муҳаммад Муҳаққиқ, узви Шурои наҷот барои Афғонистон низ чанде қабл ба Эрон сафар намуда, бо бархе мақомоти эронӣ мулоқот карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.