27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
15.05.2025 15:02

Трамп: “Эрон аз Амири Қатар сипосгузор бошад, ки аз ҳамлаи мо ба Эрон пешгирӣ мекунад”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи панҷшанбе, 15-уми май дар нишасти хабарӣ бо Амири Қатар дар Давҳа - пойтахти Қатар гуфт, ки Вашингтон ва Теҳрон дар ҳоли дастёбӣ ба созишномаи атомӣ ҳастанд.

Доналд Трамп таъкид кард, ки Эрон бояд аз Амири Қатар сипосгузор бошад ва чунин шарҳ дод: “Зеро ӯ аз ҳамлаи мо ба Эрон пешгирӣ мекунад, ин дар ҳолест, бархе кишварҳо дӯст доранд, ки мо ба Эрон ҳамла кунем”.

Президенти Амрико афзуд, ки бо вуҷуди тамоюл ба муваффақияти Эрон ва табдил шудани он ба кишвари бузург дастёбии Теҳрон ба силоҳи атомӣ барои Амрико ғайриқобили қабул мебошад. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки Эрон барои ҳалли масъалаи атомиаш ду роҳи ҳал дорад: ҳушмандона ва хушунатомез.

Доналд Трамп афзуд, “мехоҳем масъалаи Эронро ба равиши ҳушмандона, аммо на хушунатомез ҳал кунем”. Трамп дар идома таъкид кард, ки хоҳиш надорад, ки вориди марҳилаи дувум шавад.

Президенти Амрико гуфтугӯҳо бо Теҳронро “музокироти бисёр ҷиддӣ бо Эрон барои дастёбӣ ба сулҳи баландмуддат” номида, афзуд: “Мо мехоҳем Эрон ба як кишвари бузург табдил шавад, аммо Теҳрон наметавонад силоҳи атомӣ дошта бошад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.