Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кремл: Владимир Путин рӯзҳои наздик ба Теҳрон сафар мекунад
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи чоршанбе, 14-уми май гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин даъватномаи сафар ба Эронро дорад ва ҳанӯз таърихи ин сафар дақиқ муайян нашудааст.
Сухангӯи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Фотима Муҳоҷиронӣ низ рӯзи сешанбе, 13-уми май хабар дода буд, ки сафари Владимир Путин ба Эрон дар ҳоли барномеразӣ аст.
Аз замони оғози ҷанги Русия бо Украина робитаҳои Маскав ва Теҳрон дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахши ҳамкориҳои низомӣ дар ҳоли густариш аст. Чанде қабл Маскав ва Теҳрон созишномаи ҳамкориҳои стратегии 20-соларо имзо намуданд.
Бархе расонаҳои аврупоӣ Теҳронро ба ирсоли силоҳ, аз ҷумла ирсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои кӯтоҳбурд муттаҳам мекунанд. Чизе, ки аз сӯйи мақомоти расмии Эрон рад мешавад. Русия ва Эрон дар Сурия низ ҳамкориҳои муштарак доштанд ва дар саркӯби ДОИШ дар ин кишвар нақши бисёр калидӣ бозиданд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар посух ба суоли эҳтимоли сафари Владимир Путин ба Теҳрон гуфт: “Дар воқеъ, президент Путин даъватномае барои сафари расмӣ ё корӣ ба Эрон дорад. Таърихҳо ҳанӯз мушаххас нашудаанд, вале ба маҳзи тафоҳум шуморо огоҳ хоҳем кард. Мо барои ҳамкории худ ва густариши робитаҳоямон дар заминаҳои мухталиф, арзиши зиёде қоил ҳастем”.
Сафари охирини Владимир Путин ба Эрон дар соли 2022 сурат гирифта буд. Он замон ҷанги Русия бо Украина оғоз шуда буд ва Эрону Русия дар канори ҳам дар Русия аз ҳукумати Башор Асад дифоъ мекарданд.
Хабари сафари Владимир Путин ба Эрон дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар ин шабу рӯз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фишорҳои максималии худро ба Эрон афзоиш додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”