Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдор. Гармӣ ва тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-ум то 17-уми майи соли ҷорӣ дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд дамои ҳаво аз 34+39º то 37+42º гарм мешавад.
Таъкид мегардад, ки чунин гармӣ барои моҳи май ғайримуқаррарӣ аст.
Ҳамчунин, манбаъ мегӯяд, ки рӯзҳои 17–19-уми май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон бо сабаби воридшавии тӯфони гарду ғубор аз манотиқи ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб сатҳи олудагии ҳаво баланд мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки сокинон сайругашти рӯзонаро камтар кунанд, бахусус аз соати 11:00 то 16:00 бе зарурат аз хона ё коргоҳ берун намебароянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”