27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
15.05.2025 11:29

Аббос Ироқчӣ дар вокуниш ба Трамп: “60 ҳазор фаластиниро дар Ғазза кӣ кушт?”

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба изҳороти Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки Эронро омили ноаминии минтақа муаррифӣ кард, вокуниш нишон дод.

Доналд Трамп дар мулоқот бо сарони кишварҳои араб дар шаҳри Риёз гуфт, “Эрон набояд ба силоҳи атомӣ даст ёбад” ва “бояд ҳимоят аз ҷангҳои ниёбатӣ дар минтақаро қатъ кунад”. Президенти Амрико афзуд, мехоҳад бо Эрон тафоҳум кунад, ба шарте, ки Эрон аз ҳимояти терроризм даст бардорад.

Аббос Ироқчӣ дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп гуфт, ки ӯ талош мекунад Эронро омили ноамнӣ муаррифӣ кунад ва бо суол гуфт, “60 ҳазор фаластиниро дар Ғазза кӣ кушт ва оё мо омили ноамнӣ ҳастем?”

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ бо ишора ба ин ки интизори доир шудани даври баъдии музокирот аст ва музокиротро пайгирӣ хоҳад кард, гуфт: “Он чӣ эшон изҳор карда, матлаби фиребкорона аст ва он чӣ дар бораи тасмими кишварҳо барои масири рушд гуфтаанд, ҳамон масирест, ки миллати Эрон бо Инқилоби исломӣ худашон барои доштани як кишвари мардумсолор, озод, мураффаҳ ва пешрафта дар пеш гирифтаанд ва ин Амрико будааст, ки бо таҳримҳо ва таҳдидҳои низомии худаш пеши пешрафти миллати Эронро гирифтааст”.

Аббос Ироқчӣ дар идомаи вокуниши худ гуфт, ки яке аз далелҳои мушкилоти иқтисодии миллати Эрон Амрико будааст, зеро онҳо хостори як низоми ҳукуматии вобаста ва ҳарфгӯшкун будаанд ва ин бо иззати миллати Эрон дар таззод аст.

“Трамп бо нодида гирифтани ҷиноятҳои Исроил Эронро ба ҳайси омили ноамнӣ муаррифӣ мекунад, ки ин дар ҳақиқат ҷо ба ҷо кардани таҳдидҳо ва як фиребкории ошкор аст. Чӣ касе 60 ҳазор нафарро дар Ғазза куштааст? Чӣ касе ба муҳити пиромунии Фаластин таҷовуз кардааст? Масоҳате, ки Исроил дар ҳамин чанд вақти ахир дар Сурия ишғол кардааст. Аз тамоми масоҳати Ғазза бештар аст. Онҳо саъй мекунанд Эронро ба ҳайси таҳдиди амнияти минтақа муаррифӣ кунанд, то таҳдидҳои аслӣ фаромӯш нашавад, аммо фикр намекунам дар ин мавзуъ муваффақ шаванд. Тарафи муқобил бидонад, ки фишори максималӣ қаблан шикаст хӯрдааст”- гуфт Аббос Ироқчӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.