Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Русия блогер Гусейн Гасановро дар кофтукови байналмилалӣ қарор дод
Мақомоти полиси Федератсияи Русия Гусейн Гасановро дар дораи парвандаи ҷиноии пулшӯӣ, напардохтани андоз муттаҳам дониста, дар кофтукови байналмилалӣ қарор доданд. Бар асоси ин иттиҳомот Гусейн Гасанов метавонад то 7 сол аз озодӣ маҳрум гардад.
Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия хабар дод, ки блогер Гусейн Гасанов дар кофтукови ҷиноии байналмилалӣ қарор дорад.
Тибқи иттилоъ, Гусейн Гасанов дар солҳои 2019-2021 аз пардохти андоз ба маблағи 170 миллион рубл сарпечӣ кардааст. Ӯ барои қонунӣ намудани ин ҳаҷми маблағҳо, амалиёти молиявӣ ба маблағи беш аз 20 миллион рубл анҷом додааст.
Гусейн Гасанов дар вокуниш ба ин хабарҳо дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм навишт, ки чунин вазъият садо додааст, аммо “ҳама чиз он қадар фоҷеавӣ” нест. Ӯ афзуд, ки ҳама масъалаҳои вобаста ба пардохти андозро ҳал кардаанд ва ҳоло ба ин парванда машғул мебошанд.
Гусейн Гасанов дар Инстаграм беш аз 30,4 миллион обуначӣ дорад. Ӯ дар саҳифаҳои худ фаъолона дарси “Андешаи миллионер” – шуданро тарғиб мекард ва ба мардум ваъда медод, ки роҳҳои ҳалоли даромад ба даст оварданро пеша кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”