27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
15.05.2025 11:12

Ҳайати “Брешно”-и Афғонистон барои ширкат ба нишасти САSА- 1000 ба Душанбе омад

Ҳайати афғонистонӣ зери роҳбарии Абдулборӣ Умарӣ, раиси ширкати Брешнои Афғонистон барои ширкат дар нишасти лоиҳаи интиқоли САSА-1000 ба Душанбе омада, бо масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон намояндагони ширкати Брешнои Афғонистон бо мақомоти тоҷикистонӣ мулоқот намуда, масъалаи суръат бахшидан ба корҳои бунёди лоиҳаи САSА-1000 ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилоъ, дар нишасти минтақавии САSА-1000 намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ширкат намудаанд.

Ширкати Брешнои Афғонистон, ки ҳоло зери назорати Толибон аст, бо нашри як хабар эълон кард, меҳвари аслии нишасти САSА-1000 баррасии вазъияти имрӯзаи лоиҳа, мушкилот, роҳи ҳалҳо ва барномарезӣ дар хусуси амалӣ сохтани марҳилаи баъдии лоиҳа аст.

Лоиҳаи САSА-1000 яке аз бузургтарин лоиҳаҳои минтақавӣ барои интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Осиёи Ҷанубӣ аст ва масири он аз хоки Афғонистон мегузарад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар вилояти Суғд хати интиқоли барқро ба истифода доданд, ки як қисми лоиҳаи САSА-1000 мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.