Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Афғонистон барои маҷмааи Имом Бухорӣ 16 камаз мармари сафед фиристод
Афғонистон барои бунёди Маҷмааи меъмории ба номи Имом Бухорӣ 16 камаз санги мармари сафед ба Ӯзбекистон фиристод. Масъулони ҳукумати нави ин кишвар гуфтаанд, ки мехоҳанд дар бунёди маҷмааи Имом Бухорӣ саҳм гиранд.
Мақомоти вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон гуфтаанд, ки маросими қабули расмии сангҳои мармар дар гузаргоҳи Тирмиз доир гашт. Дар ин чорабинӣ мақомоти Ӯзбекистон ва намояндагони гурӯҳи террористии Толибон иштирок намудаанд.
Мақомоти афғонистонӣ гуфтаанд, ки саҳм гузоштан дар бунёди маҷмаае, ки ба Имом Бухорӣ, яке аз донишмандони муътабар ва маъруфи исломӣ бахшида шудааст, барои онҳо муҳим мебошад.
Мақомоти Ӯзбекистон ва гурӯҳи террористии Толибон масъалаи густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, робитаҳои башардӯстона ва фарҳангиро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки бунёди маҷмааи нави Имом Бухорӣ бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон оғоз шудааст ва то поёни сол сохтмони он ба анҷом мерасад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”