Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Чанд донишҷӯи тоҷик дар Чин таҳсил мекунад?
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, ки Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин дар доираи нахустин ҷаласаи вазирони маорифи кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ бо муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Ян вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрии мазкур гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 5000 донишҷӯи тоҷик таҳсил доранд, ки ин далели равшани рушди робитаҳои мутақобилан судманд дар самти маориф мебошад.
Инчунин, Раҳим Саидзода иброз дошт, ки бо афзоиши талабот ба мутахассисони самтҳои инноватсионӣ, ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Чин, махсусан дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳамзамон, ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи Конфутсий, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад, баҳои мусбат дода шуда, он ҳамчун намунаи муваффақи ҳамкориҳо дар самти фарҳангу маориф арзёбӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”