27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
14.05.2025 18:03

СММ: 10 моҳ боз Исроил иҷоза намедиҳад кумакҳо ба Ғазза расад

Созмони Милали Муттаҳид бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, ки беш аз 10 моҳ боз Исроил иҷозаи ворид кардани ғизо, об, дору ва хаймаро ба минтақаи Ғазза намедиҳад ва ин боиси фоҷеаи башардӯстона дар ин минтақа шудааст.

Том Флетчер, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона дар нишасти Шурои амнияти ин созмон эълон кард, ки беш аз даҳ ҳафта боз ғизо, дору, об ва хайма ба Навори Ғазза ворид нашудааст ва фоҷеаи башариро барои 2,1 миллион сокини минтақа ба вуҷуд овардааст.

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Том Флетчер бо интиқоди шадид аз сиёсатҳои Исроил ба зарурати қатъи “барқасдона ва бешарафонаи” таҳмили шароити ғайринсонӣ ба ғайринизомиёнро таъкид намуда, ҳушдор дод, ки миллионҳо фаластинӣ дар хатари гуруснагӣ ва қаҳтӣ қарор доранд. Ӯ таъкид кард, дар ҳоле, ки кумакҳо дар марзҳои Ғазза боздошта шудаанд, Исроил дастрасӣ ба ин минтақаро маҳкам карда ва ҳадафаш таҳдид ба ҷони мардум аст.

Том Флетчер афзуд, ки Исроил кумакҳои башардӯстонаро барои ҳадафҳои сиёсӣ ва низомӣ ба кор мебарад ва бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал мекунад. Ӯ ба афзоиши хушунатҳо бар минтақаи Каронаи Бохтарӣ ишора карда, аз идомаи бунёд ва густариши шаҳракҳои ғайриқонунӣ ва ҳамлаҳо ба сокинони он хабар дод. Мавсуф аз Шурои амнияти СММ хост, ки аз поймолшавии пай дар пайи қонунҳои байналмилалӣ вокуниш нишон диҳад.

Том Флетчер дар вокуниш ба хушунат ва қатл дар Фаластин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост “инсоният, қонун ва ақл” –ро пирӯз кунанд ва аз идомаи ин вазъияти фоҷеабор пешгирӣ намоянд, дар ғайри он, ояндаи бисёр торик интизори мардуми минтақа хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.