27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
14.05.2025 14:09

Масъалаи маҳдуд кардани “ғанисозии уран” дар музокироти Амрико ва Эрон баррасӣ нашудааст

Маҷид Тахтравончӣ, муовини сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар изҳороти тозаи худ гуфт, ки дар даври 4-уми  музокирот бо Амрико ҳанӯз масъалаи маҳдуд кардани ғанисозии уранро баррасӣ накардаанд.

Қаблан, расонаҳои аврупоӣ аз пешниҳоди нақшаҳое вобаста ба маҳдуд кардани ғанисозӣ ва ворид кардани урани ғанишуда барои истифодаи неру хабар дода буданд. Маҷид Тахтравончӣ ба ин хабарҳо вокуниш нишон дод ва дар суҳбат бо расонаи “Тасним” гуфт: “Мо ҳамчун як чорчӯб эълон кардаем, ки барои як муддати муайян метавонем яксилсила маҳдудиятҳоро дар робита бо сатҳу иқтидори ғанисозӣ ва масъалаҳои вобаста ба соҳаи атомӣ ҳамчун иқдомҳои эътимодсоз бипазирем”.

Ӯ, ҳамчунин, пешниҳоди кишварҳои кафил дар созиши эҳтимолиро рад карда, таъкид кард, ки машаваратҳо бо дӯстони ҳукумати Эрон, аз ҷумла Русия ва Чин идома хоҳад ёфт.

Муҳаммад Исломӣ, раиси Созмони атомии Эрон рӯзи сешанбе эълон кард, ки масъалаи қатъи ғанисозии уран “қобили музокира ва муомила” нест.

“Санъати атомӣ нуқтаи тавоноӣ ва сарвати миллии Эрон аст ва на қобили муомила ва на қобили музокира аст. Эрониҳо барои расидан ба ин илм баҳои гарон пардохтаанд ва роҳи идомаи он рӯшан ва шаффоф мебошад”.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ низ дар хусуси пешниҳодҳои қатъи ғанисозии уран гуфта буд, ки он хати сурхи Эрон дар музокирот бо Амрико аст.

Стив Уиткофф қабл аз оғози даври чоруми музокироти Амрико бо Эрон гуфта буд, ки Эрон бояд Барномаи ғанисозии урани худро комилан қатъ карда, муассисаҳои ғанисозиро барчинад. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо чунин таъкид карда буд: “Онҳо бояд муассисаҳои ғанисозии худро барчинанд. Ҳамаи маводи сӯхтро бояд ба шакли камфаъолият дароранд ва ба маконе дурдаст фиристанд. Агар мехоҳанд барномаи атомии ғайрнизомӣ дошта бошанд, онро бояд комилан ғайринизомӣ кунанд”.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Алӣ Лориҷонӣ, мушовири роҳбари Эрон ва узви Маҷлиси ташхиси низоми Эрон гуфта буд, “ин ки фишорҳо бар мо зиёд шудаанд, инкорнопазир аст. Ҳарчанд мегӯянд, ки мо дар ҳоли музокираем, фишорҳои иқтисодиро фаромӯш намекунанд ва ҳамчунон рафтори бенизом доранд. Ҳар рӯз як ҳарфи нав мезананд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.