Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп дар Арабистон аз шеваи хуруҷи Амрико аз Афғонистон интиқод кард
Доналд Трамп, президенти Амрико, ки бо сафари корӣ вориди Арабистони Саудӣ шуд, дар як суханронӣ шеваи хориҷ шудани неруҳои амрикоӣ аз Афғонистонро шармовартарин лаҳзаи таърих донист. Ӯ дар ин суханронӣ аз муттаҳидони Арабистони Саудӣ дифоъ карда, аз Эрон интиқод намуд.
Доналд Трам гуфт, ки агар президент буд, ҳаргиз ҳодисаҳое чун кушта шудани садҳо тан дар майдони ҳавоии Кобул рух намедод. Ишораи ӯ ба ҳамлаи террористии ДОИШ дар замони хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз майдони ҳавоии Кобул буд. Президенти Амрико гуфт, ки ба далели бекифоятии идораи Ҷо Байден дар ин ҳодисаи террористӣ 13 амрикоӣ кушта шуданд.
“Эҳтимолан ба ҳамин далел буд, ки Путин тасмим гирифт ба Украина ҳамла кунад, коре ки агар ман президент будам, ҳаргиз анҷом намедодам” – гуфт Доналд Трамп.
Ӯ бо ишора ба нақши Покистон гуфт, ки омили ҳамлаи террористии Кобул боздошт шуда ва муҷозот хоҳанд шуд.
Доналд Трамп бори аввал нест, ки аз шеваи хориҷ шудани неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон интиқод мекунад. Ӯ борҳо аз шеваи хуруҷи неруҳои амрикоӣ интиқод карда, гуфта буд, ки агар президент мебуд, ҳеч вақт иҷоза намедод, ки чунин ҳодисаҳо такрор шаванд.
Доналд Трамп бо сафари чандрӯза вориди Ховари Миёна шуд. Ӯ дар ибтидо аз Арабистони Саудӣ дидан намуда, дар ин мулоқот шартномаҳои муҳимми ҳамкориро имзо кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”