27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
14.05.2025 13:41

Мизи дубораи сулҳ дар Истанбул. Роҳе барои дидори Путину Зеленский барои оташбас ва сулҳи доимӣ

Мақомоти кишвари Туркия хабар доданд, ки мулоқоти эҳтимолии Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ва Владимир Зеленский эҳтимолан рӯзи 15 –уми май дар шаҳри Истанбул доир мешавад.

Владимир Путин чанде қабл гуфта буд, ки омодаи мулоқот ва гуфтугӯ дар масоили ҷанг бо президенти Украина дар Туркия аст. Ҳаракатҳои дипломатӣ нишон медиҳанд, ки мақомоти Туркия омодаи мизбонӣ аз ин нишасти бисёр муҳим мебошанд.

Тибқи иттилои расонаҳо Русия ва Украина дар остонаи доир намудани музокироти таърихӣ дар шаҳри Истанбул қарор доранд. Шаҳре, ки чун рамзи дипломатияи фаъол ва имконияти нав дар соли 4-уми ҷанги Русия ва Украина шинохта мешавад.

Дар остонаи соли 4-уми ҷанг миёни Русия ва Украина ҷаҳон шоҳиди бозсозии имкониятҳои дипломатӣ дар доираи нишастҳои рӯ ба рӯ дар Истанбул аст. Бар асоси эълони мақомот музокирот қарор аст рӯзи панҷшанбе, 15 –уми май баргузор шавад. Иқдоме, ки бисёриҳо онро яке аз қадамҳои намоён ва муҳимми дипломатӣ баъд аз оғози ҷанг медонанд.

Владимир Путин, президенти Русия баъди баргузории ҷашни Ғалаба Украинаро макони дубораи оғози гуфтугӯҳои сулҳ муаррифӣ кард ва дар вокуниш ба ин изҳорот президенти Украина Владмир Зеленский гуфт, ки интизори музокирот аст. Русия эълон кард, ки омода аст бидуни эълони шартҳои пешакӣ дар ин музокирот иштирок кунад.

Қаблан аз ин, Туркия бо ташаббусҳои муассир дар чандин маврид муваффақи иҷрои созишнома дар масъалаи қазияи Украина шудааст. Қаблан, созишномаи Долони ғалладона зери роҳбарии президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба имзо расида буд.

Туркия чун кишвари мизбон ва бозигари муҳимми стратегӣ шинохта мешавад. Кишваре, ки тавонистааст дар буҳронҳои ҷаҳонӣ нақши миёнҷигари фаъол ва муассирро иҷро кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.