27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Рақобати беш аз 100 ҳунарманд дар Фестивал-озмуни “Беҳтарин армуғон”
Дирӯз, 13-уми май даври ниҳоии Фестивал-озмуни “Беҳтарин армуғон” дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и пойтахт баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби ҳунармандон, ҳунарҳои кашидадӯзӣ, кундалнигорӣ, бофандагӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, аъҷубасозӣ, коркарди санг, чарм, чӯб ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Фестивал-озмуни мазкур дар байни ҳунармандони вилоятҳои ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ду давр аз рӯйи 5 номинатсия “Армуғони этнографӣ”, “Армуғони сайёҳӣ”, “Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ”, “Армуғон-бозича”, “Армуғони минтақавӣ” гузаронида шуда, ба даври ниҳоӣ зиёда аз 100 нафар ғолиби даврҳои якум ва дуюм намунаи беҳтарини ҳунарҳои дастии худро пешниҳод намуданд.
Гуфта мешавад, ки Фестивал-озмуни “Беҳтарин армуғон”-ро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат дар рушди ҳунари армуғонсозӣ, муайянсозии тамоюлҳои нав ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ бо ифодаи рамзҳои миллии тоҷикӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон ташкил кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”