27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
14.05.2025 08:41

Муҳорибаҳои деринтизор: Топурия – Оливейра ва Дю Плесси – Чимаев барои ду камарбанд меҷанганд

Дана Уайт, роҳбари ташкилоти UFC муҳорибаҳои асосӣ ва ҳамзамон деринтизорро дар саҳифаи расмиааш эълон кард.

Нахуст, Дана Уайт гуфт, ки чемпиони вазни сабуки UFC Ислом Махачев камарбанди чемпиониашро озод кард, зеро ӯ барои камарбанди дуюм, яъне вазни ниммиёна бо Ҷек Делла Мадаллена меҷангад.

“Рӯзи 29-уми июн дар ҳафтаи байналмилалии муҳорибаҳо дар мусобиқаи UFC 317 ҷанговари бебохт Илия Топурия ва собиқ чемпиони UFC барои камарбанди чемипионӣ дар вазни сабук бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд”, - гуфт ӯ.

Ҳамзамон, роҳбари UFC хабар дод, ки 16-уми август дар UFC 319 Дрикус Дю Плесси барои ҳимояи камарбанди чемпиониаш дар вазни миёна бо размкори бебохт Ҳамзат Чимаев ба майдон мебарояд.

Ёдовар мешавем, ки агар чемпиони вазни сабуки UFC Ислом Махачев ба вазни ниммиёна намебаромад ва камарбандашро озод намекард, муҳорибаи ӯро бо довталаб Илия Топурия ташкил мекарданд. 

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.