Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Суди Ҳамбург аз Алишер Усмонов дар қазияи киштии Dilbar ҳимоя кард
Суди шаҳри Ҳамбурги Олмон қарор қабул кард, ки тибқи он расонаҳои дигар ҳақ надоранд, Алишер Усмоновро ҳамчун молики киштии Dilbar муаррифӣ кунанд.
Қаблан, як қатор расонаҳо, аз ҷумла нашрияҳое, ки ба холдинги расонаҳои Люксембург – Mediahuis тааллуқ доранд, иттилоъ нашр карда буданд, ки гӯё ин киштӣ аз Алишер Усмонов аст. Барои вайрон кардани қарори додгоҳ ҷазои сахт, аз ҷумла ҷарима ба маблағи 250 ҳазор евро муайян шудааст. Дар сурати пардохт накардани ҷарима, ба шахсони вайронкунандаи қонун ҳабс ба муҳлати то шаш моҳ таҳдид мекунад.
Йоахим Николаус Штайнхёфел, вакили дифои соҳибкор Алишер Усмонов гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо таҳримҳоро бар зидди Алишер Усмонов маҳз дар асоси нашрияҳое ҷорӣ кард, ки додгоҳ онро беасос ва нашри онро дар оянда манъ кард.
Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ рӯзномаи олмонии “Muchner Merkur” мақолаи вобаста ба Алишер Усмоновро аз сомонаи худ ҳазф кард. Маҳз ҳамин мақолаҳо сабабгори асосии ҷорӣ шудани таҳримҳо аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо бар зидди соҳибкор гардид.
Бар асоси қарори суди шаҳри Ҳамбург расонаҳо дигар ҳақ надоранд Алишер Усмоновро молики киштии Dilbar муаррифӣ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”