Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Духтари ҷавони британиягӣ: “Толибон бо ман хуб буданд, садҳо пешниҳоди издивоҷ доданд”
Ҷавондухтари британиягӣ Астрид Сибер, ки бо як сафари сайёҳатӣ ба Афғонистон рафта буд, мегӯяд, ки Толибон аз ӯ хуб истиқбол намуда, барояш садҳо пешниҳоди издивоҷ додаанд.
Астрид Сибер дар шарҳи сафараш ба Афғонистон гуфтааст, ки баъди бозгашт аз ин кишвар садҳо паёми издивоҷ дарёфт намудааст. Ӯ зикр намудааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ ба ҳайси “дилрабои мардуми Афғонистон” ёд мешавад.
Ӯ мегӯяд, ки ҳангоми сафар ба вилояти Қандаҳор дар вақти наворгирӣ дар ҷамъи мардум телефони мобилияшро дӯздидаанд.
Ин ҷавондухтари британиягӣ дар ҳоле аз рафтори хуби Толибон нисбат ба худаш мегӯяд, ки гурӯҳи террористии Толибон ба занону духтарони афғонистонӣ рафтори саркӯбгарона ва хашин доранд.
Бар асоси гузориши ниҳодҳои байналмилалӣ наздик ба 4,5 миллион духтари афғонистонӣ бо сабаби мухолифати Толибон аз мактаб маҳрум шудаанд ва сиёсати занситезонаи ин гурӯҳ зиндагиро барои занони афғонистонӣ сахт намудааст.
Қонуни амр ба маъруфи Толибон садои занонро аврат номида, шунидани онро барои мардон гуноҳ донистааст. Ҳамчунин, ин гурӯҳ гашту гузори занони бидуни маҳрам дар кӯчаву бозорро манъ кардааст.
Бо вуҷуди маҳдудияти сахти Толибон бар зидди занон, вақте сайёҳони хориҷӣ ба ин кишвар сафар мекунанд, аз муносибати хуби Толибон гузориш медиҳанд. Нозирони вазъият мегӯянд, ки бисёре аз ин сайёҳон бо супориши ниҳодҳои амниятии бархе кишварҳо ба Афғонистон сафар карда, аз воқеиятҳо чашмпӯшӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”