Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Баъди 40 соли мубориза. Ҳизби коргарони Курдистон барҳам дода шуд
Ҳизби коргарони Куридистон, ки беш аз 40 сол бо ҳукумати Туркия муборизаи мусаллаҳона мебурд, дар як иқдоми бесобиқа тасмим гирифтааст, ки ба муборизаи мусаллаҳона хотима дода, пароканда шавад.
Расонаҳои вобаста ба ҳизби мазкур эълон карданд, ки роҳбарони Ҳизб дар як тасмими таърихӣ тасмим гирифтанд, ки ҳизбро барҳам дода, ба ҷанги мусаллаҳона бо ҳукумати Туркия хотима диҳанд. Ин тасмим дар ҷараёни 12-умин Конгресси ҳизб, ки аз 5 то 7 –уми май доир гашт, гирифта шуд.
“Конгресс тасмим гирифт сохтори созмонии Ҳизби коргарони Курдистонро барҳам дода, муборизаи мусаллаҳонаро поён диҳад ва ба ин тартиб ба фаъолияти созмонӣ таҳти номи Ҳизби коргарони Курдистон хотима диҳад”- зикр шудааст дар баёнияи Ҳизб.
Расонаҳои вобаста ба ин гурӯҳ дар як гузориш навиштанд, ки робитаҳои курдҳо ва Туркия ниёзманди бозтаърифи нав аст.
Дар идомаи баёнияи Ҳизби коргарони Курдистон зикр шудааст, ки “Ҳизби коргарони Курдистон ба ин бовар аст, ки аҳзоби сиёсии курд масъулияти худро барои рушди демократияи курдӣ ва замонати ташкили як миллати демократӣ бар уҳда хоҳад дошт”.
Ин ҳизб дар хотимаи баёнияи таърихиаш афзудааст, ки ин гурӯҳ маъмурияти таърихии худро поён додааст.
Мақомоти Туркия ва роҳбари зиндонии ҲКК солҳо боз бар сари барҳам додани гурӯҳ музокира мекунанд. Чанд моҳ қабл, Абдуллоҳ Аҷлон дар як баёнияи таърихӣ ва бесобиқа аз роҳбарони ин ҳизб даъват карда буд, ки силоҳҳои худро замин гузошта, ҳизбро барҳам диҳанд. Абдуллоҳ Аҷлон 26 сол боз дар зиндон аст ва тибқи иттилоъ дар доираи раванди барҳам додан ва халъи силоҳи ин гурӯҳ бояд аз зиндон озод шавад. Мақомоти Туркия аз ин тасмими таърихӣ истиқбол намуда, гуфтаанд, ки Туркия вориди як марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”