Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Попи нав хостори озодии рӯзноманигорон шуд
Поп Леои чордаҳум, роҳбари католикҳои ҷаҳон дар аввалин нишасти худ бо расонаҳо хостори озодии рӯзноманигорне шуд, ки барои анҷоми вазифаашон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Попи тозаинтихоби Ватикан дар нишаст бо расонаҳо гуфт, ки ба ҷои ворид шудан ба баҳсҳои якҷониба, ба иттилои ҳақиқӣ диққат диҳанд. Ӯ аз расонаҳо хост, ки аз доман задани ихтилофҳо худдорӣ кунанд.
“Тарзи муоширату иртиботе, ки мо онро интихоб мекунем, аҳамияти асосӣ дорад. Бояд ба ҷанги суханону тасвирҳо не бигӯем ва бояд прадигмаи ҷангро рад намоем”- гуфт попи нав.
Роҳбари католикҳои ҷаҳон дар хусуси рӯзноманигорони зиндонӣ гуфт, ки ранҷу озори хабарнигорони боздоштшуда виҷдони миллатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба чолиш мекашад “ва аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки аз неъмати арзишманди озодии баён ва озодии матбуот пуштибонӣ кунем”.
Ӯ ҳамчунин, аз рӯзноманигорон хост, ки дар истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ масъулиятшинос бошанд: “Бояд мутмаин шавем, ки зеҳни сунъӣ дар хидмати манфиати умум қарор дорад ва суди он насиби тамоми башарият мегардад”.
Бар асоси гузориши Кумитаи ҳифзи хабарнигорон то охири соли гузашта шумораи рӯзноманигорони зиндонӣ ба 361 нафар расидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”