27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
13.05.2025 09:20

Боздошти афсар барои қаллобӣ: 61 ҳазор сомонӣ талаб карда, 59 ҳазор гирифт

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти афсаре хабар медиҳад, ки бо ваъдаи аз хизмати ҳарбӣ озод намудан 61 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ меафзояд, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қудбиддинзода Қ.Қ. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи афсари зершуъбаи ташкили системаи идоракунии шуъбаи нуқтаи идоракунии Раёсати амалиётии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, моҳи ноябри соли 2023 бо истифода аз мақоми хизматии худ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд О.Т. даромада, аз номбурда барои аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озод намудани хешовандаш О.Н.И. маблағи 61000 сомонӣ талаб намудааст.

Гуфта мешавад, ки Қудбиддинзода Қ.Қ. давоми соли 2024 дар якчанд маврид бо роҳи фиреб аз шаҳрванд О.Т. дар умум маблағи 59 ҳазор сомонӣ гирифта, онро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, ба манфиати сарбоз О.Н.И. ягон амали муайянро иҷро накардааст.

Нисбати Қудбиддинзода Қ.Қ. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, он бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.