27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ду шоҳҷоиза аз як озмун: Дастоварди Зебинисо Исмоилова аз "Садбарги Шарқ-2025"
Тавре Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Зебинисо Исмоилова, таълимгирандаи ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон - "Садбарги Шарқ-2025" соҳиби ду шоҳҷоиза гардид.
Гуфта мешавад, ки аз 1-ум то 5-уми майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон - "Садбарги Шарқ-2025" баргузор шуд, ки дар он аз 10 кишвар ширкат варзиданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар "Садбарги Шарқ-2025" Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 кас, 3 нафар дар номинатсияи вокал як нафар дар номинатсияи рақс намояндагӣ карданд.
Зикр мегардад, ки Зебинисо Исмоилова дар рӯзи аввали озмун бо рақси хатлонӣ таҳти унвони "Қумбоқ" ва дар рӯзи дуюми озмун бо рақси миллӣ таҳти унвони "Ларзон" дар назди 8 нафар ҳакамон иштирок карда, бо ба даст овардани 160 хол аз 160 хол соҳиби Шоҳҷоиза шуд.
Ӯ инчунин, бо рақси "Лабчанг", ки соҳиби 80 хол гардид, Шоҳҷоизаи дуюмашро ба даст овард.
Тибқи навиштаи манбаъ, иштироки Зебинисо Исмоилова бо сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ амалӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”