27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
12.05.2025 18:15

UFC 315: Ҷек Делла Маддалена чемпион шуд ва бо беҳтарин размкор новобаста аз вазн меҷангад

Дирӯз, 11-уми май дар Канада мусобиқаи UFC 315 доир гашт, ки дар муҳорибаи асосӣ чемпиони вазни ниммиёна Белал Мухаммад ва Ҷек Делла Маддалена барои камарбанди чемпионӣ бо ҳам рақобат карданд.

Пеш аз муҳориба, аксар ба боваре буданд, ки Белал Мухаммад камарбанди чемпиониашро ҳимоя мекунад, вале ин тавр нашуд. Муҳориба 5 раунд идома ёфта, Ҷек Делла Маддалена бо қарори ҳамаи доварон ғолиб дониста шуд ва чемпиони нави UFC дар вазни ниммиёна гардид.

Шавқоварии ин мусобиқа боз дар он буд, ки рақиби навбатии Ислом Махачев, чемпиони UFC дар вазни сабук ва беҳтарин размкор новобаста аз вазн муайян шуд.

Ислом Махачев гуфта буд, ки агар Белал Мухаммад чемпион бимонад, зиддӣ ӯ муҳориба намегузаронад ва дар вазни худаш камарбандашро бори дигар ҳимоя мекунад, вале чун Ҷек Делла Маддалена чемпион шуд, акнун чемпиони вазни сабук барои камарбанди вазни ниммиёна талош хоҳад кард.

Агарчи ҳоло муҳорибаи Ҷек Делла Маддалена ва Ислом Махачев расман эълон нашудааст, вале аллакай ин ду размкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳам суҳбат карданд ва розигиашонро доданд. Роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт ҳам ба баргузор шудани ин муҳориба ишора кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.