Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Таркиш дар кони ангиштсанги Суғд ҷони 8 коргари афғонистониро гирифт
Дар натиҷаи рӯй додани таркиши гази метан дар кони ангиштсанг дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 коргари афғонистонӣ ҷон бохтаанд. Дар ин хусус расонаҳои афғонистонӣ гузориш медиҳанд.
Тибқи иттилоъ, ҳама коргарони ҷонбохта аз вилояти Дойкундии Афғонистон будаанд. Онҳо барои кор ба вилояти Суғди Тоҷикистон рафтаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои афғонистонӣ ҳувияти бархе аз қурбониёни таркиши кони ангиштсанг мушаххас шудааст. Тибқи иттилоъ, афроди ҷонбохта Козимбегӣ, Абдуллоҳ Аҳмадӣ, Ҳусайн Ализода, Ҳусайнбахш, Муҳаммадамир, Алиҷон, Қурбон ва Исмоил Раҳимӣ мебошанд. Бархе аз қурбониёни ҳодиса таҳсилоти олӣ доштаанд, аз ҷумла Козимбегӣ Донишкадаи политехникии Кобулро хатм карда будааст.
Ҷасади қурбониёни ҳодиса рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аллакай ба Афғонистон интиқол дода шудааст.
Ҳодисаи таркиши гази метан дар кони ангиштсанги вилояти Суғд соати 1:30 дақиқаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта рӯй додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад