27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
12.05.2025 16:03

Роҳбари Кореяи Шимолӣ аз фиристодани неру ба ҷанги Украина ҳимоят кард

Роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дар як изҳороти бесобиқа гуфт, ки бо иштироки неруҳои низомии кишвараш дар ҷанги Украина барои ҳимояти Русия мувофиқ аст. Ӯ афзуд, ки кишвараш дар сурати идомаи фишорҳои Аврупо бар зидди Русия аз фиристодани қувваҳои низомӣ тардид надорад.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 8-уми май аз нақши неруҳои низомии Кореяи Шимолӣ барои бозпасгирии Курск аз дасти неруҳои украинӣ қадрдонӣ карда, гуфт: “Дӯстони кореягии мо аз рӯи ҳисси адолат шона ба шонаи артиши Русия аз он дифоъ карданд. Ин қаҳрамонон сазовори ҷалоли ҷовидонаанд”.

Ким Чен Ин низ дар як изҳорот тасдиқ кард, ки неруҳои Кореяи Шимолӣ дар амалиёти Курск ширкат доранд ва онро “вазифаи таърихӣ бар зидди империяи аврупоӣ” номид. Ӯ гуфт: “Агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳаракатҳои низомии худ бар зидди Русияро идома диҳад, мо дар додани иҷозати посухи ҷавобии низомӣ ҳеч тардиде надорем”.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Кореяи Шимолӣ барои пуштибонӣ аз Русия ба ҷанги Украина неруҳои низомӣ фиристодааст. Дар ибтидо мақомоти расмии кишварҳо ҳузури низомиёни Кореяи Шимолиро рад мекарданд, вале баъдан собит шуд, ки онҳо дар ҷанги Русия ҳузури фаъол доранд. Гузоришҳо собит месозад, ки Кореяи Шимолӣ дар паҳлуи ирсоли неруи низомӣ, таҷҳизоти низомӣ низ ба Русия ирсол кардааст. Неруҳои Кореяи Шимолӣ аз бозпасгирии минтақаи тасарруфшудаи Курски Федератсияи Русия нақши фаъол доштаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.