27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
12.05.2025 14:46

Вижаномаи маҷаллаи “Чома”-и Эрон дар бораи Фарзона Хуҷандӣ нашр шуд

Шумораи нави маҷаллаи адабии “Чома” бо бахши вижаи арҷномаи зиндагиву осори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва шеъру қисса ва достонҳои адибони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расид.

Дар бахши вижаномаи маҷаллаи “Чома” дар бораи осор ва зиндагии Фарзонаи Хуҷандӣ мақолаву андеша ва пажӯҳишҳои донишмандони тоҷику эронӣ, аз ҷумла Суҳроби Зиё, Саидмуҳаммадбоқири Камолиддинӣ, Ҷамъа Ҳамроҳ, Дилшоди Фарҳодзод, Иброҳими Худоёр, Матлубаи Мирзоюнус ва Шомансури Шоҳмирзо нашр шудааст.

Дар ин шумораи маҷаллаи “Чома” осори адибони тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр, Низом Қосим ва ғайра нашр шудааст.

Маҷалла бо оғозсухани Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ нашр шудааст. Низомиддин Зоҳидӣ дар оғозсухани навиштаи худ таъкид кардааст, ки адабиёти ҳар як миллат таҷассумгари ҳувият ва фарҳанги он сарзамин мебошад. Тоҷикистон бо таърихи ғаниву пурбори адабӣ ганҷинаи ашъор, қисса ва достонҳоест, ки марзҳои замону маконро пушти сар гузоштааст.

“Дар шумораи вижа, маҷаллаи “Чома” ба муаррифии осори нависандагони муосири тоҷик мепардозад. Нависандагоне, ки бо қаламҳояшон қиссаҳои кӯҳану навро дарҳам меомезанд ва ҷаҳонбиниҳои тозаеро пешорӯи мухотабони форсизабон қарор медиҳанд. Шоироне бо ашъори руҳпарвар ва  дилнишин, ки сурудаҳои сармадиашон пур аз шуру шараф ва эҳсос аст, ки чанге ба дил мезанад”- навиштааст Низомиддин Зоҳидӣ.

Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи “Чома” як маҷаллаи адабӣ буда, дар  он бештар осори адибону нависандагони эронӣ ва хориҷӣ нашр мешавад. Мудири масъули маҷалла Содиқи Раҳмонӣ буда, шумораи 37-уми он нашр шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.