27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
12.05.2025 12:32

Даври чоруми музокироти Эрон ва Амрико. Мавқеъҳо ба ҳам наздик шудаанд

Даври чоруми музокироти атомии Эрон ва Амрико рӯзи якшанбе, 11-уми май дар пойтахти Умон – шаҳри Масқат баргузор шуд. Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва роҳбари ҳайати эронӣ бо Стив Уиткофф, намояндаи хоси Трамп ва роҳбари ҳайати амрикоӣ беш аз се соат дар хусуси ҷузъиёти Барномаи ҳастаии Эрон гуфтугӯ намуданд.

Аббос Ироқчӣ пас аз анҷоми музокирот гуфт, ки даври чоруми музокироти Эрон ва Амрико дар хусуси Барномаи атомии Эрон хеле душвор буд, аммо мавқеи тарафҳо ба ҳам наздик шудаанд.

Тибқи иттилои расонаҳо даври чоруми музокироти атомии Эрон ва Амрико назар ба се даври аввал ҷиддӣ ва душвор ба назар мерасад, зеро дар ин давр дар хусуси ҷузъиёт, бахусус ҷузъиёти техникӣ ҷонибҳо музокира кардаанд.

Аббос Ироқчӣ дар шарҳи ҷузъиёти музокироти рӯзи якшанбе гуфт, ки “аз фазосозии куллӣ фосила гирифтем, вориди мавридҳои ҷузъитар шудем ва бо ин далел музокирот душвортар шудааст”.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки дар ҷараёни музокирот бо вуҷуди баҳсҳои душвор ва ҷиддӣ гуфтугӯи мусбат сурат гирифт ва афзуд, ки ду ҷониб дарки беҳтар аз мавқеи ҳам доранд. Ӯ таъкид кард, ки дар хусуси мавзуъҳои аслии мавриди ихтилоф бештар баҳс шуд ва мавқеъҳо ба ҳам наздиктар шудааст.

Аббос Ироқчӣ дар хусуси изҳороти ахири мақомоти амрикоӣ дар хусуси барчидани комили ғанисозии уран ва чархаи сӯхти атомӣ гуфт, ки чунин изҳорот бо раванди гуфтугӯ мутаззод аст ва ба он кумак намекунад. Ӯ таъкид кард, ки ин усул бояд тағйир кунад, агар тағйир накунад, Эрон ночор аст, бо ҳамин равиш вокуниш нишон диҳад.

“Ба назари мо ғанисозии уран ҳеч гоҳ мавзуи созиш нест. Шояд барои эътимодсозӣ, мисли гузашта маҳдудиятҳое дар андоза ва сатҳи ғанисозӣ гузошта шавад, аммо худи принсипи ғанисозӣ қобили музокира нест”- афзуд Аббос Ироқчӣ

Стив Уиткофф қабл аз оғози музокироти атомӣ ба Эрон гуфта буд, ки Эрон ҳаққи ғанисозии уранро надорад ва муассисаҳои ғанисозии уран бояд барчида шавад.

Аббос Ироқчӣ дар посух ба изҳороти Стив Уиткофф гуфт, ки ғанисозӣ дастоварди миллати Эрон аст ва хати сурхи ин кишвар дар музокирот бо Амрико хоҳад буд.

Расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки Стив Уиткофф дар даври чоруми музокирот бо Аббос Ироқчӣ гуфтугӯи мустақим ва ғайримустақим доштааст. Мақомоти амрикоӣ ҳозир дар музокира гуфтаанд: “Тафоҳум шуд, ки музокирот идома пайдо кунад ва рӯи бахшҳои техникӣ кор шавад, аммо аз натиҷаи имрӯз хурсандем ва мунтазири нишасти баъдӣ ҳастем, ки ба зудӣ баргузор хоҳад шуд”.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Умон Бакр ал-Бусаидӣ музокироти миёни Эрон ва Амрикоро умедворкунанда хонд ва афзуд, ки ҳайатҳои ду ҷониб баъди гуфтугӯ бо роҳбарони кишварҳояшон замони баргузории даври панҷуми музокиротро эълон хоҳанд кард.

Тибқи иттилоъ, ду ҷониб барои идомаи музокирот ва доир намудани даври панҷуми он ба созиш расидаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.