Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Изҳороти Котиби давлатии Ҳиндустон: Амалиёти Синдур
Шри Викрам Мисри, Котиби давлатии Ҳиндустон: « - Субҳ ба хайр! Ба ҳамаи шумо барои иштирок дар ин брифинг ташаккур мегӯям.
Тавре ки огоҳ ҳастед, 22-уми апрели соли 2025, террористон аз гурӯҳи Лашкар-е-Таиба, ки дар Покистон омӯзиш дида буданд, ба сайёҳони ҳиндустонӣ дар Паҳалгам, Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон ҳамлаи ваҳшиёна анҷом доданд. Дар натиҷа, 26 нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Непал, ба ҳалокат расиданд, ки ин бузургтарин талафоти шаҳрвандӣ дар як ҳамлаи террористӣ дар Ҳиндустон аз замони ҳамлаҳои 26-уми ноябри соли 2008 дар Мумбай мебошад.
Ҳамла дар Паҳалгам бо ваҳшонияти шадид анҷом дода шуд: аксари қурбониён бо тирпарронӣ ба сари онҳо аз масофаи наздик ва дар назди аъзои оилаашон кушта шуданд. Аъзои оилаҳо бо шеваи қатл қасдан тарсонида шуданд ва ба онҳо гуфта шуд, ки ин паёмро ба дигарон расонанд.
Ҳадафи ин ҳамла равшан буд: халалдор кардани барқароршавии оромӣ дар Ҷамму ва Кашмир. Хусусан, он барои таъсир расонидан ба соҳаи сайёҳӣ, ки асоси иқтисоди минтақа мебошад ва соли гузашта 23 миллион сайёҳро ҷалб карда буд, тарҳрезӣ шуда буд. Ҳисоб мешуд, ки зарар расонидан ба рушд ва пешрафти минтақа метавонад онро ақибмонда нигоҳ дорад ва шароити мусоид барои идомаи терроризми фаромарзӣ аз Покистон фароҳам оварад.
Шеваи ҳамла, инчунин, бо мақсади барангехтани ихтилофоти мазҳабӣ, ҳам дар Ҷамму ва Кашмир ва ҳам дар дигар қисматҳои кишвар анҷом дода шуд. Ин ба шарафи ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон аст, ки ин нақшаҳо ноком шуданд.
Гурӯҳе бо номи "Фронти муқовимат" (TRF) масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт. Ин гурӯҳ ҳамчун ниқоб барои гурӯҳи террористии Лашкари таиба, ки аз ҷониби СММ манъ шудааст, амал мекунад. Ҳиндустон дар гузоришҳои нимсолаи худ ба гурӯҳи назоратии Кумитаи Санксияҳои 1267-и СММ дар май ва ноябри соли 2024 маълумот дар бораи TRF пешниҳод карда, нақши онро ҳамчун ниқоб барои гурӯҳҳои террористии дар Покистон ҷойгирро нишон дод. Пештар, дар декабри соли 2023, Ҳиндустон ба гурӯҳи назоратӣ дар бораи фаъолияти «Лашкари таиба» ва «Ҷаиши Муҳаммад» тавассути гурӯҳҳои хурди террористӣ, аз ҷумла TRF, иттилоъ дода буд. Фишори Покистон барои ҳазфи ишораҳо ба TRF дар изҳороти матбуотии Шурои Амнияти СММ 25-уми апрел дар ин замина қобили таваҷҷуҳ аст.
Таҳқиқоти ҳамлаи террористӣ дар Паҳалгам нишон доданд, ки шабакаҳои иртиботии террористон дар Покистон ва бо он алоқаманд буданд. Даъвоҳои TRF ва паҳншавии онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии маъруфи «Лашкари таиба» худ гувоҳи ин аст. Шиносоии ҳамлагарон, бо такя ба шаҳодатҳои шоҳидон ва дигар маълумоти дастрас ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низ пешрафт кардааст. Хадамоти иктишофии мо тасвири дақиқи тарҳрезон ва пуштибонони ин гурӯҳро таҳия кардааст.
Хусусиятҳои ин ҳамла инчунин, бо сабти тӯлонии Покистон дар анҷом додани терроризми фаромарзӣ дар Ҳиндустон, ки хуб ҳуҷҷатгузорӣ шудааст ва ғайри қобили инкор аст, мувофиқат мекунад. Покистон инчунин, ҳамчун паноҳгоҳи террористон дар тамоми ҷаҳон шуҳрат дорад, ки террористони аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ манъшуда дар он ҷо беҷазо зиндагӣ мекунанд. Илова бар ин, маълум аст, ки Покистон ҷаҳон ва форумҳои байналмилалиро, аз ҷумла Гурӯҳи амалиёти молиявӣ (FATF), дар ин масъала ба таври қасдан гумроҳ мекунад. Парвандаи Соҷид Мир, ки дар он ин террорист мурда эълон шуда, баъдан, дар посух ба фишори байналмилалӣ зинда ва боздошт шуд, намунаи равшани ин аст.
Ҳамлаи охирин дар Паҳалгам, табиист, ки хашми амиқро дар Ҷамму ва Кашмир ва дигар қисматҳои Ҳиндустон ба вуҷуд овард. Пас аз ҳамлаҳо, Ҳукумати Ҳиндустон ба таври табиӣ бо як қатор чораҳои ибтидоӣ нисбат ба муносибатҳои мо бо Покистон посух дод. Шумо аз ҳама қарорҳое, ки 23-уми апрел эълон шуданд, огоҳ ҳастед.
Бо вуҷуди ин, зарур дониста шуд, ки гунаҳкорон ва тарҳрезони ҳамлаи 22-уми апрел ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бо гузашти ду ҳафта аз ҳамлаҳо, аз ҷониби Покистон ягон қадами намоён барои амал кардан бар зидди инфрасохтори террористӣ дар қаламрави худ ё дар қаламрави таҳти назорати он дида нашудааст. Ба ҷои ин, танҳо радкунӣ ва иттиҳомот ба назар мерасад. Мониторинги иктишофии мо аз модулҳои террористии дар Покистон ҷойгир нишон дод, ки ҳамлаҳои минбаъда бар зидди Ҳиндустон дар пешанд. Аз ин рӯ, зарурати боздорандагӣ ва пешгирӣ ба миён омад.
Субҳи имрӯз, тавре ки шумо огоҳ ҳастед, Ҳиндустон ҳуқуқи худ барои посух додан, пешгирӣ ва боздоштани чунин ҳамлаҳои фаромарзии бештарро истифода бурд. Ин амалҳо андешидашуда, ғайриэскалатсионӣ, мутаносиб ва масъулона буданд. Онҳо ба вайрон кардани инфрасохтори террористӣ ва безараргардонии террористоне, ки эҳтимолан ба Ҳиндустон фиристода мешуданд, равона шуда буданд.
Шумо инчунин, дар ёд доред, ки Шурои Амнияти СММ 25-уми апрели соли 2025 изҳороти матбуотӣ дар бораи ҳамлаи террористӣ дар Паҳалгам содир карда, чунин таъкид намуд: "Зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон, ташкилкунандагон, маблағгузорон ва пуштибонони ин амали нафратангези терроризм ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо вуҷуд дорад." Амалҳои охирини Ҳиндустон бояд дар ин замина дида шаванд.
Барои иштирок дар ин брифинг дар бораи амалҳои мо субҳи имрӯз, полковник София Қурешӣ ва фармондеҳи болдор Виомика Сингҳ ба ман ҳамроҳ шуданд. Ман аз онҳо хоҳиш мекунам, ки баъзе тафсилотро дар бораи Амалиёти Синдур бо шумо мубодила кунанд».
Ню-Деҳлӣ
7-уми майи соли 2025
Маводи мазкур аз ҷониби Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дастрас шуда, бидуни таҳрир нашр мешавад
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”