Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон ба номи Хоразмӣ донишгоҳ таъсис медиҳад
Донишгоҳи ихтисосии муҳандисӣ ва технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Урганҷ, маркази вилояти Хоразм фаъолияти худро дар соли таҳсили 2025-2026 оғоз хоҳад кард.
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон қарор кард, ки Донишгоҳи “Ал-Хоразмӣ” бо ҳадафи омода кардани мутахассисон дар соҳаҳои муҳандисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Урганҷ таъсис дода шавад.
Бар асоси қарор донишгоҳ дар минтақае ба номи шаҳраки Ал-Хоразмӣ дар маркази вилояти Хоразм фаъолият хоҳад кард.
Бунёди шаҳраки илмӣ бо номи олими барҷаста дар моҳи августи соли 2022 оғоз шуда буд. Дар баробари донишгоҳ, дар ин минтақа як мактаби махсус ҳам таъсис дода хоҳад шуд.
Бар асоси лоиҳа дар оғоз донишгоҳ аз се факултет ташкил хоҳад шуд: факултетҳои риёзиёт ва информатика, муҳандисии технологияҳои кайҳонӣ ва зеҳни сунъӣ.
Гуфта шудааст, ки таълим дар донишгоҳи навтаъсис бо ду забон – ӯзбекӣ ва англисӣ бо усули нави таълимии кредитӣ сурат мегирад. Барои боло бурдани сатҳи баланди таълим ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Британияи Кабир дар назар дошта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”