Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аз зиндон то ҳукми қатл. Бобак Занҷонӣ - тоҷири эронӣ ба иқтисод бозгашт
Бобак Заҷонӣ тоҷири баҳсбарангез ва гумонбар ба фасоди бузурги молӣ баъди даҳ соли содир шудани ҳукми қатлаш дубора ба саҳнаи тиҷорат боз гаштааст. Расонаҳо гузориш доданд, ки Бобак Занҷонӣ бо таъсис додани чанд ширкати нав дубора фаъолиятҳои тиҷоратиашро оғоз кардааст.
Бобак Занҷонӣ яке аз баҳсбарангезтарин тоҷирони Эрон аст. Мақомоти додгоҳии Эрон Бобак Занҷониро ба хотири тасарруфи беш аз 2 миллиард доллар дар соли 2016 ба ҳукми қатл маҳкум намуданд.
Зимни баррасии парвандаи Бобак Занҷонӣ маълум шуд, ки қисме аз дороиҳои ӯ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ин мавзуъ баҳсеро миёни мақомоти Тоҷикистон ва Эрон ба вуҷуд овард.
Бобак Занҷонӣ замоне масъули давр задани таҳримҳо ва ба воситаи он фурӯши нафти Эрон буд. Ӯ бо роҳҳои мухталиф ва махфӣ нафти Эронро мефурӯхт ва пулашро ба Эрон бармегардонд.
Дар пайи таҳқиқи мақомоти судии Эрон маълум шуд, ки Бобак Занҷонӣ беш аз 2 миллиард пули фурӯши нафтро бар нагардонидааст.
Дар соли 2016 Суди Олии Эрон бо чанд шарт ӯро ба ҳукми қатл маҳкум кард. Дар шарти Суди Олии Эрон ишора шуда буд, ки дар сурати боз гардонидани дороиҳо аз сӯи муттаҳам ӯ метавонад авф шавад.
Як сол қабл аз дохили зиндон Бобак Занҷонӣ аз таъсиси як холдинг дар соҳаи нақлиёт ва як ширкати ҳавоӣ хабар дод. Ин эълони ӯ баҳсҳои мухталиферо дар матбуот ба вуҷуд овард. Мақомоти судии Эрон эълон намуданд, ки Бобак Занҷонӣ маблағҳоро баргардондааст ва ҳукми қатли ӯ ба ҳабс тағйир ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”