27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
09.05.2025 10:22

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар ҶБВ 100 ҳазор тоҷикон кушта, 60 ҳазор захмӣ ва 40 ҳазор беному нишон шуданд”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи панҷшанбе, 8-уми май ба муносибати ҷашни 80-солагии Ғалаба дар назди Оташи абадӣ гулчанбар гузошта, дар маросими паради ҳарбӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни маросими гулчанбаргузорӣ ва парадаи ҳарбӣ масъулони баландпояи ҳукумати кишвар, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлисии миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода, вазираи дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулони расмии кишвар ширкат намуданд.

Президенти кишвар дар суханронии табрикотии хеш таъкид карданд, ки ғалаба бар “вабои фашизм” бо шарофати дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамбастагии халқҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ муяссар гардид.

Сарвари давлат дар суханронии худ ба оқибатҳои фоҷеабори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ишора намуда, ба наслҳои имрӯз ва оянда муроҷиат намуданд.  Президенти кишвар таъкид карданд, ки дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои мухталифи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии пешин заминаи шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз густариши вабои фашизмро дар асри XXI фароҳам намуд.

“Боиси ифтихори мо аст, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳо мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштанд” – таъкид намуданд Сарвари давлат.

Сарвари давлат оид ба саҳими тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ махсус ёдовар шуда, таъкид карданд, ки дар он замон беш аз 300 ҳазор ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 дарсади аҳолии қобили меҳнати ҷумҳуриро ташкил медоданд. Таъкид шуд, ки аз ҳисоби тоҷикон беш аз 100 ҳазор кушта, 40 ҳазор нобуд ва 60 ҳазор дар ин ҷанг захмӣ шуданд.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки номи неку хизматҳои онҳое, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намешавад ва эҳтироми онҳое, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштанд, ҳамеша пос дошта хоҳад шуд. Таъкид гадид, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафари онҳо барои ҷоннисорӣ ва мардонагӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуданд.

“Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.