27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
08.05.2025 17:50

Даври ниҳоии Лигаи Чемпионҳо: “ПСЖ” ва “Интер” вориди майдон мегарданд

Шоми гузашта маълум шуд, ки дар марҳилаи ниҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА бошгоҳҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Интер”-и Италия бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар мавриди ғолибияти финалистони имсолаи Лигаи Чемпионҳо назарҳо гуногунанд ва фикри ғолиб он аст, ки шонси ин бошгоҳҳо барои ба даст овардани муътабартарин мусобиқаи Аврупо баробар аст.

Аслан, бисёре аз коршиносон ба боваре буданд, ки дар марҳилаи нимниҳоӣ, ки дастаҳои “Барселона”-“Интер” ва “Арсенал”-“ПСЖ” вориди рақобат шуданд, бошгоҳҳои “Барселона” ва “Арсенал” ба даври ниҳоӣ мегузаранд ва он ҷо шонси “Барселона” зиёдтар аст, вале ҳама чиз баръакс шуд.

Бозиҳои марҳилаи нимниҳоӣ хеле ҷолиб шуданд. “ПСЖ” бо ҳисоби умумии 3 бар 1 “Арсенал”-ро шикаст доду ду бозии “Интер” ва “Барселона” бо ҳисоби умумии 7:6 ба фоидаи дастаи итолявӣ ба анҷом расид.

Гуфтан мумкин аст, ки ду дастаи пурқуввати дигар “Ливерпул” ва “Реал Мадрид”, ки бархеҳо бовар доштанд, имсол ғолиби мусобиқаи мазкур мешаванд, яке дар даври 1/8 ниҳоӣ ва дигаре дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ аз идомаи рақобат маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври ниҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА шоми 31-уми май баргузор мегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.