27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
08.05.2025 10:07

Муовини Пизишкиён: “Эрон хонаи дуюми шумо ва Тоҷикистон хонаи дуюми мост”

Муҳаммадризо Ориф, муовини президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар суҳбат бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки “Эрон хонаи дуюми шумо ва Тоҷикистон хонаи дувуми мо аст”.

“Мо ду кишвари ҳамсоя ва бародар ҳастем. Эрон хонаи дуюми шумо ва Тоҷикистон хонаи дуюми мост”- гуфт Муҳаммадризо Ориф.

Дар поёни 17-умин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон Муҳаммадризо Ориф ва Далер Ҷумъа дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд. Муҳаммадризо Ориф баъди шунидани гузориши муфассали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: “Барои густариши робитаҳои ду кишвар ҳеч монеае вуҷуд надорад ва ин сиёсати стратегӣ қабл аз ҳама ба муштаракоти фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ бармегардад. Хушбахтона, бо иродаи сиёсии мавҷуда дар миёни мақомҳои ҳар ду кишвар метавонем робитаҳоро дар бахшҳои мухталиф густариш диҳем”.

Муҳаммадризо Ориф афзуд, ки иқтисоди ду кишвар метавонад ҳамдигарро такмил диҳад. Ҳамчунин, ӯ бо арзёбии мусбати баргузории мунтазами ҷаласаҳои Комиссияи муштарак ба иҷрои созишномаҳои бадастомадаи миёни ду кишвар таъкид намуд.

Муовини аввали президенти Эрон бо ишора ба зарфиятҳои вуҷуддоштаи ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, хизматрасониҳои техникӣ, илмӣ ва омӯзишӣ чунин таъкид намуд: “Тақвияти иртибототи бахши хусусии ду кишвар аз аҳамияти хос бархӯрдор аст”.

Далер Ҷумъа дар ин мулоқот бо сипосгузорӣ аз меҳмоннавозии мардуми Эрон мақоми махсуси Ҷумҳурии Исломӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таъкид кард. Ӯ аз афзоиши мубодилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар хабар дода, гуфт, ки дар ҷаласаи комиссияи муштарак созиши хубе ҳосил шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.