Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
11 кушта ва 20 захмӣ. Исроил ба ҷойи зисти гурезаҳо ҳамла кард
Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба макони зиндагии оворагони фаластинӣ дар Ғазза 11 нафар, аз ҷумла 8 узви як оила кушта шуданд. Исроил субҳи рӯзи 7-уми май ба макони истиқомати оворагони фаластинӣ ҳамла кард.
Маҳмуд Басал, сухангӯи Созмони мудофеаи граждании Ғазза тасдиқ намуд, ки ҷасади 11 нафар, аз ҷумла як кӯдакро аз зери харобаҳо берун кашида, ба бемористон интиқол додаанд. Ӯ афзуд, ки беш аз 20 нафар захмӣ шуданд ва аксарияти захмиён кӯдакон мебошанд.
“Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии неруҳои Исроил ба хонаи оилаи Қудра дар маркази шаҳри Хон Юнус ҳашт узви як оила ба ҳалокат расиданд ва 12 нафари дигар захмӣ шуданд” – афзуд Маҳмуд Басал.
Маҳмуд Басал афзуд, ки “оилаи Қудра бидуни ҳеч гуна ҳушдор ва бо мақсади қатли амдӣ мавриди ҳадаф қарор дода шуд”.
Сухангӯи мудофеаи граждании Ғазза гуфт неруҳои артиши Исроил, ҳамчунин, субҳи рӯзи чоршанбе чандин хонаро дар минтақаҳои Зайтун ва Туффаҳ дар шарқи Ғазза тарконда, хароб кардаанд.
Ҳамла ва бомбаборони шадиди Ғазза аз сӯйи неруҳои артиши Исроил идома дорад. Чанде қабл расонаҳо иттилоъ доданд, ки артиши Исроил лоиҳаи тасарруфи комили Ғаззаро содир кардааст. Мақсади лоиҳаи зикршуда гузаронидани амалиёти низомӣ дар тамоми бахшҳои Ғазза аст. Ин ҳадафро чанде қабл сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу низ баён кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”