27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
08.05.2025 09:08

Имсол 23-уми май - Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу ҷалоли махсус ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол рӯзи 23-уми май доир мешавад, имсол дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ин хусус шуъбаи иттилооти дафтари раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Тибқи иттилоъ, бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшачорабиниҳои ҷашнӣ таҳия ва тасдиқ шудааст. Ҳадафи қарори мазкур амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи руҳияи ватандӯстӣ дар онҳо мебошад.

Бар асоси супориши шаҳрдорӣ дар доираи ҷашни Рӯзи ҷавонон дар кӯча, хиёбон ва майдонҳои марказии шаҳр лавҳаҳо ва шиорҳои ҷашнӣ насб мешаванд. Яке аз чорабиниҳои муҳим дар ин рӯз - мулоқот бо гирандагони стипендияҳо, дорандагони мукофотҳои раисони ноҳияҳо бо раиси шаҳри Душанбе ва ҳамчунин, гирандагони стипендияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд ва ин мулоқот таҳти шиори “Мо пайравони Пешвои миллатем” баргузор мегардад.

Ҳамчунин, дар давоми як моҳ бо ширкати ҳунармандони машҳури ҷумҳурӣ таҳти шиори “Зинда бод ҷавонӣ ва ҷавонон” дар муассисаҳои фарҳангӣ ва боғҳои шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мешавад. Мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои эҷодӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷавонон ба муносибати мулоқоти аввалини президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон, ки дар таърихи 23-уми майи соли 1997 доир шуда буд, ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Дар он сол фармони президенти кишвар бо номи “Дар бораи баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон” ба имзо расида буд.

Ҳамасола президенти кишвар Эмомалӣ Раҳамон ба муносибати 23-уми май, Рӯзи ҷавонон, бо ҷавонони фаъоли кишвар мулоқот анҷом медиҳанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.