Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Далер Ҷумъа: “Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эронро таҳким мебахшем”
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи 17-умин нишасти комиссияи ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону Эрон ба миллати Эрон барои ҳодисаи Бандари Раҷоӣ изҳори ҳамдардӣ кард ва афзуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар заминаҳои мухталиф бо кишвари дӯсту бародар омода ҳаст.
Далер Ҷумъа гуфт, ки Тоҷикистон ба таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба бо Эрон аҳамияти махсус медиҳад ва Эронро яке аз шарикони муҳимми худ дар Ховари Миёна медонад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи президентҳои Тоҷикистон ва Эрон ишора намуда, гуфт, ки сарони ду кишвар дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ гуфтугӯҳои муассир анҷом доданд ва натиҷаи он имзои 23 созишномаи муҳимми ҳамкорӣ миёни ду кишвар аст.
“Бешубҳа, ин санадҳо барои таҳкими муносибатҳои судманди миёни ду кишвар таъсиргузор хоҳад буд” – таъкид кард Далер Ҷумъа.
Далер Ҷумъа гуфт, дар ҷараёни сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон як намоишгоҳи муштарак низ доир гашт ва дар канори он санадҳои ҳамкории сармоягузорӣ ба имзо расид, ки худ далели қобилияти рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвар аст.
“Мо бо ифтихор эълон медорем, ки Тоҷикистон ва Эрон бо муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ пайвандҳои мустаҳкам доранд ва ҳамин арзишҳои муштарак заминаи таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои ду кишварро фароҳам мекунад”- афзуд Далер Ҷумъа.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чандин бахши ояндадор, аз ҷумла тиҷорат ва нақлиёт оғоз шудааст. Бар асоси гуфтаи ӯ, дар солҳои охир муносибатҳои тиҷоратӣ шакли нав мегиранд ва соли гузашта ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар 50 фоиз афзуд.
Далер Ҷумъа таъкид кард, ки истифода аз зарфиятҳои транзитии ду кишвар барои афзоиши муомилоти тиҷоратӣ зарур аст ва дар шароити кунунӣ густариши ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон ба як зарурат табдил шудааст.
“Мо талош хоҳем кард, то аз ҳамаи зарфиятҳои ин ҷаласа истифода кунем”- афзуд Далер Ҷумъа.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”