27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
07.05.2025 16:52

Иштироки ҷудокорони тоҷик дар “Qazaqstan Barysy Grand Slam-2025”

Аз 9-ум то 11-уми майи соли равон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мусобиқаи байналмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо “Qazaqstan Barysy Grand Slam-2025” доир мегардад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик низ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Абдулло Қуқаншоев (-60 кг), Икром Шамсов (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мизробшо Лоиқов (-90 кг), Сомонӣ Кишваров (-100 кг) ва Муҳсин Малаев (-100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки барои иштирок дар мусобиқаи мазкур 397 варзишгар (222 мард ва 175 зан) аз 47 кишвар номнавис шудаанд.

Зикр мегардад, ки ба гирандагони мадели тилло 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва онҳое, ки нишони биринҷӣ мегиранд 1500 евро ба даст меоранд.

Ҳамзамон, ба ҷуз ҷоизаи пулӣ, ҷудокорон баробари ба даст овардани ғолибият имтиёз мегиранд, ки албатта, барои боло рафтани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо таъсир мерасонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.