27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
07.05.2025 14:02

Муттаҳидони Русия Ғалабаро чӣ гуна ҷашн мегиранд? Қазоқҳо қисме тарафдор ва қисмате мегӯянд, “даркор нест”

Муттаҳидони Русия дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ, ки ҳар кадом ҳоло ба истиқлоли комил расидаанд, вобаста ба ҷашни 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ иқдомҳои мушаххасеро рӯйи даст гирифтанд. Аз қадрдонии иштирокчиён ва ширкаткунандагони ақибгоҳ то баргузор намудани паради ботантанаи ҳарбӣ дар маркази пойтахтҳои худ.

Бархе расонаҳои қазоқистонӣ навиштанд, ки ҳукумати Қазоқистон ба муносибати 80-солагии Ғалаба паради ботантанаи ҳарбӣ бо ширкати низомиён дар маркази шаҳри Остона баргузор мекунад. Гуфта мешавад, ки Қазоқистон барои баргузории паради ҳарбӣ маблағ ҷудо намуда, тартиботи муҳимми амниятиро низ роҳандозӣ кардааст.

Омодагӣ ба паради ҳарбӣ, ки рӯзи 7-уми май дар шаҳри Остона баргузор мешавад, миёни шаҳрвандон вокунишҳои мухталиферо ба вуҷуд овардааст. Бархе аз сокинони Остона ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар шароити душвори иқтисодӣ ва дар пасманзари ҷанги Украина баргузор намудани паради ҳарбӣ бо хароҷоти ҳангуфт оё ба манфиати кишвари Қазоқистон аст? Қисми дигар бо шуру шараф рӯзи баргузории паради ҳарбиро лаҳзашуморӣ мекунанд ва мегӯянд, ки таҷлил аз ин рӯз ба хотири пос доштани руҳи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.

Расонаҳои Қазоқистон гузориш доданд, ки аз рӯзи 6-уми май дар кӯчаҳои Остона дар маҳалли Эпитсентр оромӣ ҳукмфармо буд. Мардум бидуни шитоб ба корҳои рӯзмарраи худ машғул буданд ва аз ҳавои офтобии форам ва сайру гашт истифода мекарданд.

Ба хотири баргузории паради ҳарбӣ тадбирҳои шадиди ҳарбӣ дар макони баргузории он ҷорӣ шудааст. Роҳҳо баста ва қисмате аз роҳҳои пиёдагард бо панҷараҳо баста шудааст.

Яке аз сокинони шаҳри Остона гуфтааст,  “Одамоне, ки ба парад меоянд, бояд сиҳату саломат омада, ҳамон тавр низ баргарданд. Агар фикр кунед, ки манъ карданҳо лозим нестанд, ман бо шумо розӣ нестам”.

Се сокини дигар, ки ҳоло бознишаста мебошанд, якдилона гуфтанд, ки баргузории паради ҳарбӣ лозим аст. Ба гуфтаи онҳо, сабаби асосӣ дар он аст, ки бояд хотираи ҳалокшудагон дар ҷанг пос дошта шавад.

“Ҷанги Русия ва Украина ин масъалаи дигар аст. Ин ба 80-солагӣ рабт надорад. Он ҷо таърихи дигар аст, муносибатҳои дигар. Мо худ намедонем, ки бо мо ҷумҳуриҳои ҳампаймон дар оянда чӣ мешавад. Дуруст мекунем, ки парадро мегузаронем”- гуфт яке аз занони шаҳри Остона.

Сокинони шаҳри Остона дар як масъала- ҷудо кардани маблағ барои паради ҳарбӣ ҳамфикр буданд ва мегӯянд, ки ҳукумат метавонист маблағи камтар ҷудо кунад.

“Миллиардҳо ҷудо намуданд ва мегӯянд, ки мо наметавонем парадро бинем. Аз як тараф дуруст аст, ки ба чунин корҳо маблағ медиҳанд, аммо мардум бояд нишон диҳад, ки маблағҳо ба куҷо сарф шудаанд. Ба мо мегӯянд, аз тиреза  ё балкон бинед. Ин чӣ маъно дорад? Ман кӯшиш мекунам ба майдон бароям, агар натавонам пас маҷбур мешавам аз балкон бинам”- мегӯяд як нафақахӯр.

Бархе сокинони шаҳри Остона мегӯянд, ки фоидае дар баргузории паради ҳарбӣ намебинанд: “Афсӯс, ки ҳама роҳҳоро мебанданд. Ман наметавонам ба хона ба осонӣ расам. Парадро намебинам, ман кор мекунам. Ғалаба карданд, карданд. Муҳим ин аст, ки онро дар дил ва хотир нигоҳ дорем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.