Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп аз қатъи оташкушоӣ бар зидди Ҳусиҳои Яман хабар дод
Доналд Трамп таъкид кард, ки гуфтаи ҳусияҳоро дар мавриди “дигар киштиҳоро наметарконанд” мепазирад.
Президенти Амрико бо ишора ба изҳороти муҳим, ки интизор меравад, қабл аз сафар ба Ховари Миёна нашр шавад, гуфт қарори қатъи ҳамла ба ҳусиҳо аллакай иҷро шуд.
Тибқи иттилоъ созиш миёни ҳусиҳо ва Амрико бо миёнравии Уммон ҳосил шудааст. Бадр ал-Бусаидӣ, Вазири корҳои хориҷии Уммон бо тасдиқ кардани миёнравии Масқат дар ин созиш гуфт, ки дигар ҳеч гуна ҳамла бар зидди якдигар, аз ҷумла ба киштиҳои амрикоӣ дар баҳри Сурх ва гулугоҳи Бобулмандаб анҷом намедиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки як узви ҳусиҳои Яман ба хабаргузориии Бломберг гуфт, “то замоне, ки ҳамлаҳо ба Ғазза поён наёбад, амалиёти ҳусиҳо дар Баҳри Сурх ва бар зидди Исроил қатъ нахоҳад шуд”.
Изҳороти Доналд Трамп дар хусуси созиш бо ҳусиҳо баъди чанд рӯзи фаъолияти шадиди дипломатӣ миёни Амрико, Уммон ва ҳусиҳо сурат гирифтааст. Сарчашмаҳо мегӯянд, ки ин созиш барои қатъи ҳамлаҳои мутақобил бо мақсади фароҳам кардани фазои мусоид барои оғози музокироти атомӣ бо Эрон анҷом шудааст.
Ҳусиҳои Яман чанде қабл гуфтанд, ки ҳамлаҳояшон бар зидди Исроил идома хоҳад ёфт. Исроил рӯзи гузашта майдони ҳавоии шаҳри Санъои Яманро мавриди бомбаборони шадид қарор дод. Чанд рӯз қабл ҳусиҳои Яман фурудгоҳи байналмилалии Бин Гурион дар шаҳри Тел-Авивро мавриди ҳамла қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”