27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
07.05.2025 13:46

Ҷамъбасти "Наврӯз" - фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ дар Душанбе

Шоми 6-уми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ - "Наврӯз" доир гардида, Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири кишвар ба ҳама театрҳои ширкаркарда сипоснома ва рамзи ҷашнвораро тақдим намуд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ - "Наврӯз" дар баробари театрҳои кишвар, театрҳои Арманистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат карданд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 2-уми май Театри опера ва балет намоиш ба саҳна гузошт. Рӯзҳои 3-юм ва 4-уми май намоишҳои театрҳои Эрону Русия ва Арманистон дида шуданд. Рӯзи 5-уми май театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон баромад карданд ва рӯзи 6-уми май Театри Лоҳутӣ намоиши “Достони Сиёвуш”-ро, пешкаши ҳаводорон гардонд.

Бояд гуфт, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ - "Наврӯз" қаблан аз соли 1990 то соли 2011 доир мешуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.