Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тафоҳуми Эрон ва Амрико наздик аст. Даври чоруми музокирот рӯзи якшанбе баргузор мешавад
Аҳмад Бахшоиш Ардистонӣ, узви Комиcсияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон дар изҳороте гуфт, ки созиш миёни Эрон ва Амрико ба натиҷа мерасад. Ӯ гуфт, ҳарчанд проблемаҳое вуҷуд дорад, аммо эҳтимол дорад, ки аз амрикоиҳо барои сармоягузорӣ дар саноати барқ тазмин гирифта шавад.
“Имрӯз дигар хеле нангин аст, мо дар ҳоле, ки қудрати бузурги минтақа ҳастем ва бо Амрико дар сари музокираем, бо ҳам рақобат дорем, барқ надорем, об заиф аст ва мудириятҳо ноком мебошанд” – гуфт Ардистонӣ.
Ӯ афзуд, мо ба амрикоиҳо гуфтем, ки шумо дар бахши иқтисодӣ ва саноатӣ ба мо тазмин диҳед ва сармоягузорӣ кунед.
Дар хусуси ба таъхир гузошта шудани даври чоруми музокирот, ӯ гуфт, ки “Исроил муттаҳиди стратегӣ ва тактикии Амрико аст ва нуфузи бузург бар он кишвар дорад” ва эҳтимол аст Рафаэл Гроссӣ гузорише ба амрикоиҳо дода бошад, ки Эрон ба сохти бомбаи атомӣ хеле наздик аст ва ин ба дасти ҷиноҳи тундрави Кохи сафед, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири амнияти миллии собиқ барои фишорҳои бештар роҳ дода бошанд.
Намояндаи маҷлиси Эрон гуфт, ки Доналд Трамп, президенти ИМА мехоҳад аз Эрон имтиёзҳои бештар нисбат ба Барномаи иқдоми ҷомеъи муштарак бигирад, то ба Обама ва дигар сиёсатмадорони амрикоӣ нишон диҳад, ки “ман дипломати хуб ҳастам”.
Қарор буд даври чоруми музокироти Эрон 3-юми май, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта доир шавад, вале ҳар ду кишвар иттилоъ доданд, ки бо баъзе аз сабабҳо музокироти даври чорум ба таъхир гузошта шуд. Аббос Ироқчӣ гуфт, ки бо сабаби техникӣ ва логистикӣ музокироти даври чорум ба таъхир гузошта шуд.
Рӯзи гузашта расонаҳо иттилоъ доданд, ки музокироти даври чоруми Эрон бо Амрико рӯзи якшанбе, 11-уми май дар шаҳри Масқати Уммон доир мешавад.
Торнамои “Нурнюз”, ки ба Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат дода мешавад, бо такя ба як манбаъ навишт, даври чоруми музокироти Эрон ва Амрико рӯзи якшанбе, 11-уми май дар шаҳри Масқат, пойтахти Уммон баргузор хоҳад шуд.
“Бо таваҷҷуҳ ба фазои сиёсии танишзои минтақа гуфтугӯҳои Масқат аз ҳассосияти баланде бархӯрдор аст ва натиҷаи онҳо метавонад бар муодилоти ояндаи парвандаи атомии Эрон ва муносибати Амрико дар ғарби Осиё таъсир гузорад”- навишт ин торнамои ҳукумати Эрон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”