Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷанги ду қудрати атомӣ оғоз шуд. Ҳинд бо ҳамлаи мушакӣ ба хоки Покистон ҳуҷум кард
Як мақоми покистонӣ гуфт, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Ҳиндустон ба хоки Покистон як кӯдак кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Покистон гуфт, ки ду ҳавопаймо ва як паҳбоди Ҳиндустонро сарнагун карданд.
Сухангӯи низомии Покистон шоми 6-уми май гуфт, ки Ҳинд бо партоби мушакҳо се мавзеъро дар қаламрави Покистон мавриди ҳадаф қарор додааст. Мақоми покистонӣ гуфт, ки кишвараш ба ҳамлаи Ҳинд посух хоҳад дод.
Артиши Покистон афзуд, ки омодагӣ ва иҷрои посухи низомӣ ба Ҳинд дар ҷараён аст ва амалиётҳои ҳавоӣ ва заминӣ оғоз ёфтаанд. Тибқи гузориши ибтидоӣ ҳамлаҳои мушакии Ҳиндустон боиси марги 3 нафар ва захмӣ шудани 12 тани дигар шудааст.
Дар пайи ин ҳамла хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз шоҳидони айнӣ хабар дод, ки дар наздикии шаҳри Музаффаробод, маркази қисми покистонии Кашмир садои таркишҳои шадид шунида шудааст. Дар пайи таркишҳо барқи шаҳр қатъ шудааст.
Ҳинд бо тасдиқи амалиёти низомӣ дар қаламрави Покистон гуфт, ки неруҳои ин кишвар ҳамлаҳоро дар минтақаҳои Ҷамму ва Кашмир оғоз кардааст. Бо ин ҳол, артиши Ҳинд таъкид кард, ки ҳеч яке аз муассисаҳои низомии Покистон мавриди ҳадаф қарор нагирифтаанд.
Артиши Ҳиндустон баъди мавриди ҳадаф қарор додани 9 макон дар хоки Покистон гуфт, ки “адолат иҷро шуд”.
Ҳукумати Ҳиндустон дар вокуниш ба рӯйдод гуфт, ки иқдомҳои анҷомшуда маҳдуд ва ҳадафманд буда, бо мақсади ташдиди таниш бо Покистон анҷом шудааст.
Ҳамзамон хатсайрҳои ҳавоии Покистон боназардошти вазъияти амниятӣ ва ҳамлаҳои мушакии Ҳиндустон парвозҳои худро аз шаҳри Карочӣ боз гардонидаанд.
Ҷанг миёни ду кишваре, ки силоҳи атомӣ доранд, баъди ҳамлаи террористии 22-уми апрел ба хоки Кашмир дар дохили Ҳиндустон сурат мегирад. Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ 26 нафар сайёҳ аз сӯи террористон ба қатл расиданд. Ҳиндустон дар ин ҳамлаи террористӣ Покистонро гунаҳкор донист. Мақомоти Покистон иддаои Ҳиндустонро рад карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”