Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Ҳазорон фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил ҷисман ва руҳан нест мешаванд”
Раиси иттиҳодияҳои зиндониёни фаластинӣ Абдулло ал-Зиғорӣ дар конфронси байналмилалии “Эътилофи аврупоӣ барои ҳимояи зиндониёни фаластинӣ” дар кишвари Белгия – шаҳри Брюссел суханронӣ намуда, аз озору шиканҷа ва ҷисману руҳан нест кардани зидониёни фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил сухан гуфт.
Абдулло ал-Зиғорӣ дар ин конфронс гуфт, ки дар зиндонҳои Исроил поймолсозии системавии ҳуқуқи инсон идома дорад ва боиси марги ҳазорон зиндонӣ шудааст. Ӯ афзуд, ки маҳбусони фаластинӣ ба шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ ва беэътиноии тиббӣ дучор мешаванд, ки оқибат ба марги тадриҷӣ ва ҷисмию руҳии онҳо мебарад.
Ӯ афзуд, ки чунин амалҳо як ҷузъи сиёсати барқасдонаест, ки барои шикастани иродаи муқовимати мардуми Фаластин амалӣ карда мешавад.
“Ҳазорон фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил ба сабаби чунин ҷиноятҳо ва сиёсати таъқибгароёна тадриҷан ҷисман ва руҳан нест мешаванд” – гуфт ӯ ва зикр кард, ки муассисаҳои ислоҳии Исроил дар асл ба марказҳои шиканҷа табдил шудаанд.
Абдулло ал-Зиғорӣ таъкид кард, ки ин фактҳо бо шаҳодатҳои маҳбусони озодшуда ва гузоришҳои вакилони дифоъ, ки зиндониёнро дидаанд ва ҳолати онҳоро сабт кардаанд, тасдиқ мешавад. Аз ҷумла поймолкуниҳо, маҳрумсозии тӯлонӣ аз ғизо, набудани ёрии тиббӣ, фишори равонӣ ва ҳатто ҳолатҳои таҷовузи ҷинсиро мушоҳида кардаанд.
Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки чашмони худро барои ин ҳодисаҳо набанданд ва аз созмони ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳои аврупоӣ тақозо кард, ки болои Исроил фишор оранд, то аз муносибати ғайриинсонӣ нисбат ба зиндониёни фаластинӣ даст кашад ва ҳуқуқи асосии онҳоро бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ таъмин намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”