Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳиндустон интиқоли обро ба Покистон қатъ кард
Ҳиндустон интиқоли обро ба Покистон ба воситаи садди Баглиҳор, ки дар рӯдхонаи Чинаб дар қаламрави Ҷамму ва Кашмир ҷойгир аст, қатъ кард. Дар ин хусус рӯзномаи “Ҳиндустон таймз” хабар медиҳад.
“Мо дарвозаҳои обии ин иншооти гидротехникӣ дар Баглиҳорро бастаем ва ин раванд аз рӯзи шанбе оғоз ёфт” – гуфтааст намояндаи ширкати давлатии гидроэнергетикии NHPC Limited.
Тибқи иттилои нашрияи “Ҳиндустон таймз” баъди як ҳафтаи музокирот ва гузаронидани ташхисҳои гидрологӣ роҳбарияти садд тасмим гирифтааст, ки оби ҷорӣ ба самти Покистонро то 90 фоиз коҳиш диҳад.
Қабл аз ин иқдоми обии Ҳиндустон рӯзи шанбе Покистон мушаки балистикии Абдолиро озмоиш кард.
Мақомоти Ҳиндустон қасд доранд тадбирҳои монандро дар садди Кишанганга, воқеъ дар Ҷамму ва Кашмири шимолуғарби Ҳимолой низ амалӣ намоянд. Дар ин иншоот қарор аст, корҳои бузурги техникии таъмирӣ гузаронида шавад, ки дар ҷараёни он интиқоли об ба поёноб дар рӯдхонаи Кишанганга муваққатан боздошта хоҳад шуд.
“Мо омодаем чораҳои ҷазодиҳии шадидро нисбат ба Покистон амалӣ созем ва ҳудуди 50 муҳандис аз ширкат аллакай дар Ҷамму ва Кашмир қарор доранд, то аз ҷараёни амалисозии тадбирҳои дахлдор назорат кунанд”- зикр кардааст корманди ширкат дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҳиндустон таймз”.
Таниш миёни Ҳиндустон ва Покистон баъди ҳодисаи террористӣ дар Кашмир, ки боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар гардид, ба вуҷуд омад. Сарвазири Ҳиндустон Нерандра Моди гуфт, ки дар вокуниш ба ин ҳамлаи террористӣ, ки аз хоки Покистон тарроҳӣ шудааст, посухи қатъӣ хоҳанд дод. Таҳаррукоти низомии Ҳиндустону Покистон баъди ин ҳодиса авҷ гирифтааст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ дар пайи авҷи танишҳо миёни Ҳиндустон ва Покистон ба Исломобод сафар кард ва гуфт, ки Эрон омодааст, барои коҳиши танишҳо миёнҷигарӣ намояд. Ҳамчунин, Русия низ пешниҳоди миёнравӣ барои ҳалли танишҳоро ба миён гузашт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳар ду тараф хост, ки хештандорӣ кунанд. Покистон аз Созмони милали Муттаҳид даъват кард, ки дар пайи иқдомҳои Ҳиндустон нишасти Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”